БОЗДИДИ Э. РАҲМОН АЗ НАМОИШГОҲИ ЙЕ-МА
18 июни соли 2010 нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи аксҳои ширкати Йе Ма — ро, ки оид ба ҳаёт ва фаъолият, тарзи зиндагӣ ва урфу одатҳои тоҷикони минтақаи Тошқурғону Қошғари ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин нақл мекунанд, ифтитоҳ намуда, аксу мусаввараҳои нодиру пурарзиши онро аз назар гузаронд. Дар ин аксҳо, аз ҷумла фарҳанги хонасозии тоҷикони Чин, ки ба хонасозии мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшони Тоҷикистон шабоҳати бисёр наздик дорад, саҳнаҳои бузкашӣ бо асп, бо қутос ва ҳатто пиёда, чавгонбозӣ аз болои асп, манзараҳои муҳити зисти онҳо, ки аксаран кўҳистон аст, чеҳраҳои ориёияшон ва ғайра таҷассум ёфтаанд. Аксбардор Чин Жи Фун, ки худ ҳоло Президенти ҳамин ширкат ва роҳбари ассотсиатсияи аксбардорони ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур аст, ин аксҳоро 15 сол дар миёни тоҷикони ин минтақа зиндагӣ карда, ба навор гирифтааст. Дар як гўшаи ин намоишгоҳ ҳамчунин мусаввараҳои рассомони мумтози Точикистон ба маъраз гузошта шудаанд. Дар саҳни бинои ҳамин ширкат як пора аз дарахти сангшуда, ки 145 миллион сол умр дорад, ба нишони чунин дарозумрӣ рамзи дўстии абадии Тоҷикистону Чин тахассус дода шуд. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарон ва намояндагони воломақоми як қатор ширкатҳои бонуфузи ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот бо мудири иқтисодии ширкати роҳсозии (China Road&Bridje) Чин Ҳу Вентао масоили вобаста ба сохтмони як қатор роҳу пулҳо ва нақбҳои Тоҷикистон, ки ба зиммаи ин ширкат гузошта шудааст, баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки суръат ва сифати сохтмони нақбҳои Шаҳристону Чормағзак ва роҳи мошингарди Душанбе — Данғара бояд баланд бардошта шавад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ширкат метавонад дар татбиқи дигар лоиҳаҳои роҳсозии Тоҷикистон ва минтақа иштироки фаъол дошта бошад. Масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории ширкати Зиҷин Майнинг бо Тоҷикистон дар мулоқот бо Директории генералии он Чен Ҷа Хун баррасӣ шуд. Чен Ҷа Хун изҳор дошт, ки то соли 2013 аз ҷониби ин ширкат истеҳсоли тилло аз кони Зарафшони Тоҷикистон ба 4 тонна дар як сол ва гардиши солонаи моли ширкат ба 150 миллион доллари амрикоӣ расонда мешавад. Ба гуфти ў, он вақт ширкат метавонад, ба буҷети Тоҷикистон ҳар сол то 10 миллион доллари амрикоӣ андоз супорад. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба бунёди корхонаи афинажии тиллою нуқра дар Тоҷикистон ва дигар нақшаҳои ҳамкории оянда сурат гирифт. Дар вохўрӣ бо намояндаи воломақоми корхонаи муштараки кўҳкории Зарнисор ҳуанг ҷиан Ронг масоили ҷорӣ ва нақшаҳои ояндаи он дар Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохта, пурра ба кор даровардани Комбинати металлургии Зарнисор, муҳокима карда шуд. Сўҳбати пурмўҳтавои дигар бо Мудири иқтисодии ширкати КОФКО Лимитед (COFCO Limited) Зенг ҳонгбо оид ба барқарор намудани як корхонаи коркарди меваю сабзавоти Тоҷикистон ва бештар ба роҳ мондани истеҳсоли пастаи томат ва афшураи зардолу сурат гирифт. Таъкид гардид, ки аз ҷониби ин ширкат дар Тоҷикистон ҳамчунин як корхонаи наву муосири коркарди меваю сабзавот сохта шуда, оид ба вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти хоми кишоварзӣ низ барои чунин корхонаҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Бегоҳии рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси ҳукумати мардумии ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур Нур Бекрӣ мулоқот намуда, тафсилоти ҳамкории кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди бар арзишҳои дўстӣ, эътимод ва ҳусни ҳамсоягии Тоҷикистону Чин асосёфта таъкид намуданд. Пагоҳ сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қошғари ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур идома хоҳад ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.