БОЗДОШТИ ҚОЧОҚӢ ДАР ФУРУДГОҲ

Июнь 11, 2010 11:18

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Кормандони гумруки Фурудгоҳи пойтахти Раёсати минтақавии гумкуки дар шаҳри Душанбе, имрӯз, 11 июн ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумкуки хатсайри № 222, «Душанбе -Москва» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Лайлибекови 21 соларо бо ҷурми даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд.   Дар рафти санҷиш кормандони гумрук аз дохили як бағоҷи дастӣ, дар қабати дохилии астари либосҳои варзишӣ 52 адад ғалтакчаҳои селофании бо хокаи монанд ба маводи мухаддири героинро дарёфт ва мусодира намуданд. Тибқи маълумотномаи коршиносон, вазни холиси маводи аз Умед Лайлибеков гирифташуда, 317 граммро ташкил дод ,ки ба маводи нашъадори героин мансуб мебошад. Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ба Прокуротураи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд.  

Июнь 11, 2010 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд