БОЗДОШТИ ҚОЧОҚӢ ДАР ФУРУДГОҲ
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Кормандони гумруки Фурудгоҳи пойтахти Раёсати минтақавии гумкуки дар шаҳри Душанбе, имрӯз, 11 июн ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумкуки хатсайри № 222, «Душанбе -Москва» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Лайлибекови 21 соларо бо ҷурми даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд. Дар рафти санҷиш кормандони гумрук аз дохили як бағоҷи дастӣ, дар қабати дохилии астари либосҳои варзишӣ 52 адад ғалтакчаҳои селофании бо хокаи монанд ба маводи мухаддири героинро дарёфт ва мусодира намуданд. Тибқи маълумотномаи коршиносон, вазни холиси маводи аз Умед Лайлибеков гирифташуда, 317 граммро ташкил дод ,ки ба маводи нашъадори героин мансуб мебошад. Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ба Прокуротураи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






