ЧӢ ҚАДАР МАБЛАҒ БА ЗАРАДИДАГОНИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ ВОРИД ГАРДИД?
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Бо ибтикори Ҳукумат ва дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибати офатҳои табии ба минтақаҳои кишвар расида, ҳамаҷониба бо сайъу кӯшиш ва ҳисси башардӯстона аз ҷониби ташкилоту корхона ва ашхоси алоҳида, бартараф мегарданд. Чи тавре ҳамагон огаҳанд аллакай манзилҳои нахустин ба сокини бесарпаноҳмонда бо тамоми лавозимоти рӯзгор пешкаш гардида, киштзор ва роҳу пулҳо аз сари нав барқарор шуда истодаанд. Тибқи маълумоти БДА «Амонатбонк» то 16 июни соли 2010 ба суратҳисобҳои дар БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кушодашуда, бо арзи миллӣ як миллиону 640 ҳазору 847 сомонӣ ва асъори хориҷӣ 50 000 рубли рӯсӣ, 225 817 доллари ИМА, 5 000 евро ба миқдори 1 миллиону 247 ҳазору 886 сомонӣ ворид гаштааст. Дар ин амали хайр дар баробари ташкилоту корхона ва вазоратҳои кишвар саҳми шаҳрвандон ва шахсони саховатманд, ки ёрии худро дар ин рӯзи сахт ба ҳамватанони азиятдидаашон дареғ надоштаанд, хеле назаррас мебошад. Яке аз иқдомҳои наҷиб ва башардӯстонаи ашхоси мазкур ин то ҳол ворид намудани маблағҳо ба суратҳисобҳои Фонди кӯмак ба зарардидагони минтақаи Кулоби вилояти Хатлон, мебошад. Ворид гаштани кӯмакҳои номбурда ба суратҳисобҳои фонди мазкур идома дошта, ташкилоту корхона ва шахсони алоҳида аз дохил ва хориҷи кишвар, баҳри рафъ ва дастгирии сокинони ин мавзеъ маблағҳои худро мегузаронанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






