ЧӢ ҚАДАР МАБЛАҒ БА ЗАРАДИДАГОНИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ ВОРИД ГАРДИД?

Июнь 17, 2010 09:44

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Бо ибтикори Ҳукумат ва дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибати офатҳои табии ба минтақаҳои кишвар расида, ҳамаҷониба бо сайъу кӯшиш ва ҳисси башардӯстона аз ҷониби ташкилоту корхона ва ашхоси алоҳида, бартараф мегарданд. Чи тавре ҳамагон огаҳанд аллакай манзилҳои нахустин ба сокини бесарпаноҳмонда бо тамоми лавозимоти рӯзгор пешкаш гардида, киштзор ва роҳу пулҳо аз сари нав барқарор шуда истодаанд. Тибқи маълумоти БДА «Амонатбонк» то 16 июни соли 2010 ба суратҳисобҳои дар БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кушодашуда, бо арзи миллӣ як миллиону 640 ҳазору 847   сомонӣ ва асъори хориҷӣ 50 000 рубли рӯсӣ, 225 817 доллари ИМА, 5 000 евро ба миқдори 1 миллиону 247 ҳазору 886 сомонӣ ворид гаштааст.   Дар ин амали хайр дар баробари ташкилоту корхона ва вазоратҳои кишвар саҳми шаҳрвандон ва шахсони саховатманд, ки ёрии худро дар ин рӯзи сахт ба ҳамватанони азиятдидаашон дареғ надоштаанд, хеле назаррас мебошад. Яке аз иқдомҳои наҷиб ва башардӯстонаи ашхоси мазкур ин то ҳол ворид намудани маблағҳо ба суратҳисобҳои Фонди кӯмак ба зарардидагони минтақаи Кулоби вилояти Хатлон, мебошад. Ворид гаштани кӯмакҳои номбурда ба суратҳисобҳои фонди мазкур идома дошта, ташкилоту корхона ва шахсони алоҳида аз дохил ва хориҷи кишвар, баҳри рафъ ва дастгирии сокинони ин мавзеъ маблағҳои худро мегузаронанд.

Июнь 17, 2010 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад