ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН КОРХОНАИ КОРКАРД МЕСОЗАД

Июнь 19, 2010 09:27

18 июни соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарон ва намояндагони воломақоми як қатор ширкатҳои бонуфузи ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот бо мудири иқтисодии ширкати роҳсозии (China Road&Bridje) Чин Ҳу Вентао масоили вобаста ба сохтмони як қатор роҳу пулҳо ва нақбҳои Тоҷикистон, ки ба зиммаи ин ширкат гузошта шудааст, баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки суръат ва сифати сохтмони нақбҳои Шаҳристону Чормағзак ва роҳи мошингарди Душанбе —  Данғара бояд баланд бардошта шавад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ширкат метавонад дар татбиқи дигар лоиҳаҳои роҳсозии Тоҷикистон ва минтақа иштироки фаъол дошта бошад. Масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории ширкати Зиҷин Майнинг бо Тоҷикистон дар мулоқот бо Директории генералии он Чен Ҷа Хун баррасӣ шуд. Чен Ҷа Хун изҳор дошт, ки то соли 2013 аз ҷониби ин ширкат истеҳсоли тилло аз кони Зарафшони Тоҷикистон ба 4 тонна дар як сол ва гардиши солонаи моли ширкат ба 150 миллион доллари амрикоӣ расонда мешавад. Ба гуфти ў, он вақт ширкат метавонад, ба буҷети Тоҷикистон ҳар сол то 10 миллион доллари амрикоӣ андоз супорад. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба бунёди корхонаи афинажии тиллою нуқра дар Тоҷикистон ва дигар нақшаҳои ҳамкории оянда сурат гирифт. Дар вохўрӣ бо намояндаи воломақоми корхонаи муштараки кўҳкории Зарнисор ҳуанг ҷиан Ронг масоили ҷорӣ ва нақшаҳои ояндаи он дар Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохта, пурра ба кор даровардани Комбинати металлургии Зарнисор, муҳокима карда шуд. Сўҳбати пурмўҳтавои дигар бо Мудири иқтисодии ширкати КОФКО Лимитед (COFCO Limited) Зенг ҳонгбо оид ба барқарор намудани як корхонаи коркарди меваю сабзавоти Тоҷикистон ва бештар ба роҳ мондани истеҳсоли пастаи томат ва афшураи зардолу сурат гирифт. Таъкид гардид, ки аз ҷониби ин ширкат дар Тоҷикистон ҳамчунин як корхонаи наву муосири коркарди меваю сабзавот сохта шуда, оид ба вусъат додани  истеҳсоли маҳсулоти хоми кишоварзӣ низ барои чунин корхонаҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 19, 2010 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд