ДАР КАДОМ МАМЛАКАТҲО ОЗОДИИ ИНСОН МАҲДУД КАРДА МЕШАВАД

Июнь 7, 2010 09:20

Душанбе,  7 июн. (АМИТ «Ховар»). —  Созмони ғайриҳукуматии  Қалъаи   Озодӣ   чанде  пеш  рӯйхати  мамлакатҳоеро  нашр  намуд, ки дар  онҳо  озодии  инсон  маҳдуд  карда  мешавад. Дар  рӯихат  ба  мамлакатҳое, ки   дар  онҳо  ҳуқуқи  инсон  поймол  ва  озодии  инсон  маҳдуд  сохта  мешавад,  то  7  хол   баҳо  дода шудааст.  Мамлакатҳои  зерин,  аз  ҷумла,  Бирма, Либия, Сомали, Судон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эритрея, Ҷумҳурии  Халқии  Демократии  Куриё  ва Гвинеяи  хати  устуво дар рӯихати  мазкур  соҳиби  7  хол гардидаанд. Ин чунин  маъно дорад, ки   дар  мамлакатҳои  зикршуда давлат  ҳаёти  шахсии  шаҳрвандонро   назорат  мекунад ва фаъолияти   созмонҳои  сиёсӣ  ва  мустақил   манъ  карда ё   маҳдуд  карда шудаанд. Мувофиқи рӯихати  мазкур ҳуқуқи  инсон дар  Белорусия, Чад, Чин, Куба, Гвинея,  Лаос, Арабистони  Саудӣ,  Сурия, Иристони  ҷанубӣ ва  Саҳрои  ғарбӣ ҳуқуқи  инсон  қисман  маҳдуд  карда шудааст.  Аҳолии  ин  мамлакатҳо  барои  озодии  сухан   имкониятҳои  маҳдуд  дошта, дар  онҳо  фаъолияти  созмонҳои  мухолиф   маҳдуд  намуда,   назорати  қатъӣ  ҷорӣ  карда шудааст.

Июнь 7, 2010 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад