ДАР РӮЗИ КӮДАКОН, БАРОИ КӮДАКОН
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» дар вазъи мутантан супоридани бинои асосии Муассисаи давлатии «маркази миллӣ — тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ», ки аз ҳисоби хазинаи мутамаркази Ҳукумати ҷумҳурӣ бо маблағи 1 млн. 800 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, баргузор гардид. Зимни суханронии табрикотӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадамнов, мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи президент Алишер Ёрбобоев, роҳбари лоиҳаи Комиссияи Иттиҳоди АврупоҶонатан Барретт, директории муассисаи мазкур Мавлудахон Шамсуллоева кӯдакону наврасонро ба ифтихори идашон самимона шодбош гуфта, аз сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти парастории насли наврас изҳори қаноатмандӣ карданд. Қайд гардид, ки ин муассиса бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Туркия барои тарбияю табобати 200 нафар кӯдакони дардманд сохта ба истифода дода шуд. Дар шӯъбаи нави табобатии ин муассиса 41 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






