ДАР РӮЗИ КӮДАКОН, БАРОИ КӮДАКОН

Июнь 2, 2010 09:40

Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» дар вазъи мутантан супоридани бинои асосии Муассисаи давлатии «маркази миллӣ — тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ», ки аз ҳисоби хазинаи мутамаркази Ҳукумати ҷумҳурӣ  бо маблағи 1 млн. 800 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, баргузор гардид. Зимни суханронии табрикотӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадамнов, мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи президент  Алишер Ёрбобоев, роҳбари лоиҳаи Комиссияи Иттиҳоди АврупоҶонатан Барретт, директории муассисаи мазкур Мавлудахон Шамсуллоева кӯдакону наврасонро ба ифтихори идашон самимона шодбош гуфта, аз сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти парастории насли наврас изҳори қаноатмандӣ карданд. Қайд гардид, ки ин муассиса бо ташаббуси  бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Туркия барои тарбияю табобати 200 нафар кӯдакони дардманд сохта ба истифода дода шуд. Дар шӯъбаи нави табобатии ин муассиса 41 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Июнь 2, 2010 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид