ДАСТГИРИИ ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОР
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тарбияи ҷавонони эҷодкор ҳама вақт дар мадди назари Сарвари давлат қарор дорад,- иброз доштанд дар Вазорати маориф ба мухбири АМИТ «Ховар». Аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути стипендияи байналмилалӣ ҳар сол садҳо ҷавонон ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристонида мешаванд. Айни замон теъдоди доншҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар беш аз 6 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли ҷорӣ ба Маҷлиси Олӣ сахт таъкид намуд, ки Комиссияи ҷумҳуриявиро зарур аст, ки дар масъалаи интихоби донишҷӯён диққати махсус дода, ҷавонони лаёқати бештар доштаро барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристанд. Бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ, беҳтарин филиалҳои макотиби олии Москва дар пойтахти ҷумҳурӣ ва маркази вилоятҳо кушода гардиданд. Дар назар аст, ки соли ҷорӣ боз чанд филиали нави донишгоҳҳои бонуфуз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода гарданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






