Э. РАҲМОН БО Ҳ. КАРЗАЙ ВА О. ЗАРДОРӢ МУЛОҚОТИ СЕҶОНИБА АНҶОМ ДОД
11 июни соли 2010 дар ҳошияи ҳамоиши Тошкантии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқоти сеҷониба анҷом дод. Таваҷҷўҳи зиёд ба масоили таҳкими амнияту субот ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавии сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикӣ зоҳир карда шуд. Масоили омодагӣ ба мулоқоти чорҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Россия, ки ба наздикӣ бояд баргузор шавад, низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд. Нимаи дуюми рўз Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Муғулистон Элбегдорҷ Тсахиагийн, Вазири корҳои хориҷии ҳиндустон Соманаҳалли Малайя Кришна мулоқот намуда, масоили ҳамкорӣ бо ин кишварҳоро баррасӣ намуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






