Э. РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ШУҒНОН

Июнь 25, 2010 08:04

Нимаи дуюми рўз 24 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Поршнев ба бунёди маркази нави маъмурии ноҳия оғози расмӣ бахшид. Бунёди иншооти сершумори маркази нави маъмурӣ бо сохтмони бинои маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки санги асос ва нома ба наслҳои оянда дар ҷойи он аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, оғоз меёбад. Зимни сўҳбат бо мардуми сершумори ба ин муносибат ҷамъомада Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки шаҳраки маркази маъмурии ноҳия ба хотири он, ки бунёдаш дар рўзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ оғоз меёбад, Ваҳдат номгузорӣ шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби мардум хуш пазируфта шуд. Дар деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як бинои дуошёнаи нав дар мактаби миёнаи  раќами 20 ба истифода супурда шуд. Зимни дидан аз мактаб, зикр гардид, ки дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчунин ду бинои мавҷудаи мактаб аз таъмири асосӣ бароварда ва муҷаҳҳаз карда шуд. Бо 240 ҷой дар бинои нав кунун дар ин мактаб барои 624 нафар хонанда дар як баст шароити таълиму тарбия муҳайё шуд. Ҳамчунин зикр гардид, дар доираи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ин ноҳия боз 5 мактаби дигар низ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ҳамин деҳа Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолон ва шумораи зиёди намояндагони мардуми ноҳияи Шуғнон мулоќоти дилнишин анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посух гуфт. Бо дархости чанде аз намояндагони мардум баҳри идомаи корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла навсозии роҳҳо ва сохтмони иншооти нави дигар тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 25, 2010 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст