Э.РАҲМОН:ҲАДАФИ «ОБ-БАРОИ ҲАЁТ»-МУСОИДАТ БА ИҶРОИ ӮҲДАДОРИҲОИ
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 8 июн дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналхалқии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 оғоз гардид, ки ду рӯз идома меёбад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зикр кард, ки ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии «Об барои зиндагӣ» ба он мусоидат хоҳад кард, ки то соли 2015 ҳамаи ӯҳдадориҳои байналхалқии ба зимма гирифташуда дар масъалаи захираҳои об ва захираҳои дигари ба он вобаста ҳатман иҷро карда шаванд. Иҷрои тадбирҳои пешбинишуда дар давоми 5 соли гузашта вобаста ба бӯҳрони шадиди ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, инчунин проблемаҳои вобаста ба тағйир ёфтани иқлим то андозае душвор буд. Чунин зуҳуроти ҷаҳонӣ дар бисёр мамлакатҳо барои ба даст овардани ҳадафҳо ва иҷрои вазифаю барномаҳои марбут ба таъмини об ва умуман истифодаи оқилонаи захираҳои об таъсири манфӣ расониданд. “Тавре ба Шумо маълум аст, Тоҷикистон аз ҷумлаи мамлакатҳои ҷаҳон мебошад, ки дар он захираҳои об нисбатан фаровонанд. Ҳар сол дар қаламрави мамлакати мо 64 миллиард метри мукааб об ҷорӣ мешавад. Ин бештар аз 60 фоизи маҷрои дарёҳои ҳавзаи Баҳри Аралро ташкил медиҳад. Аз чунин ҳаҷми бузурги об танҳо қариб 10 фоизи он барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти дохилӣ сарф мешавад, оби боқимонда ба мамлакатҳои поёноб ҷорӣ мегардад, ки дар он ҷо асосан барои обёрӣ истифода бурда мешавад”, — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон. Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди захираҳои фаровони об бештар аз 40 фоизи аҳолии мамлакати мо аз оби тозаи ошомиданӣ истифода бурда наметавонад, тамини баъзе ноҳияҳои дурдасти мамлакат бо оби тоза ба проблемаи душвор табдил ёфтааст. Дар баробари ин дар Тоҷикистон дар давоми даҳ соли охир ҳар сол торафт бештар фалокатҳои табиӣ, нарасидани қувваи барқ, камбуди маблағ дар соҳаи истифодаи об ва омилҳои дигар рух медиҳанд, ки бо вуҷуди кӯшишҳои Ҳукумат барои пешгирии онҳо ба ҷараёни пешрафти мамлакати мо таъсири калони манфӣ мерасонанд. Дар робита ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷузъи ҷудонашавандаи Барномаи миллии стратегии рушд ва Барномаи стратегии кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Дар ин маврид Тоҷикистон барои халқҳо ва мамлакатҳои дигари минтақа ягон проблема ба миён наовардааст ва оварданӣ ҳам нест.