ЭЙ СОРБОН, ОҲИСТА РОҲ

Июнь 14, 2010 13:39

Файзобод, 14 июн. (АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Тайи солҳои охир нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд ба назар мерасад,ки ин аз сатҳи беҳтаршавии зиндагии имрӯза дарак медиҳад. Мутаассифона имрӯзҳо аз сабаби пурра надонистани  воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ронандагон як қатор садамаҳои нақлиёти аз ҷониби кормандони БДА ба қайд гирифта мешавад. Ба хабарнигори АМИТ»Ховар» иҷрокунандаи вазифаи сардори ШБД-и ноҳияи Файзобод Зафар Саидов иттилоъ дод,ки давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи мазкур 274 адад ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Бояд қайд кард,ки сабаби асосии рӯх додани садамаҳо бисёртар аз ҷониби ронандагони камтаҷриба ба амал меояд,ки  то имрӯз -21 нафар дар ҳолати мастӣ,-16 нафар бе рақами давлатӣ. Дар давоми соли ҷорӣ, дар натиҷаи бемасъулиятии баъзе ронандагон -6 нафар ҷароҳати вазнин бардошта -1 нафар ҷони худро аз даст дод. Сабаби асосиро кормандони БДА-и ноҳия дар баланд намудани суръати нақлиёт,нодуруст идора намудан ва надонистани қоидаи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон,шарҳ медиҳанд,гуфт дар анҷоми сӯҳбат Зафар Саидов.

Июнь 14, 2010 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!