ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
13 июни соли 2010 аз ноҳияи Шўрообод Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Тутуи ноҳияи Муъминобод, ки аҳолиаш ҳамчунин аз офати табиӣ зарари ҷиддӣ дидаанд, ташриф овард. Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони хонаҳои нав дар деҳаи Ҷарпечи ин љамоат ва сўҳбат бо аҳолии зарардидаю масъулини бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки дар ноҳия барои 10 оилаи пурра бехонамонда, манзилҳои нав сохта, бо тамоми ашёи рўзгор онҳоро таъмин мекунанд ва ба наздики 250 оила қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ дода мешавад. 39 оила, ки хонаҳояшон қисман хароб шудаанд, ба таври ройгон бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин мешаванд. Ба тамоми оилаҳои зарардида кўмаки яквақтаи пулӣ низ расонда шудааст. ҳамаи аҳолии зарардида ва бинокорон бо хўроки гарм ва шароити хуби кор ва буду бош таъмин гаштаанд. қувваи бештари корӣ аз аҳолии маҳаллӣ аст. Қисмате аз онҳо, сарфи назар аз он, ки дар сохтмони хонаҳои худ иштирок мекунанд, аз муассисаҳои сохтмонӣ маош ҳам мегиранд. Дар маҳаллаи нав барои 320 нафар хонанда мактаби нав ва як бунгоҳи тиббӣ низ сохта мешавад. Масъулини дахлдор дастур гирифтанд, ки хатмкунандаи мактаби ҳамин деҳа духтараки љавон Оишаи Раҷабалиро, ки дониши хуб ва лаёқати баланди илмомўзӣ доштааст, аз ҳисоби квотаи Президентӣ ба Факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кўлоб қабул намоянд. Ин факултаро худи ў интихоб намудааст. Духтараки 21 – солаи ин деҳа Шукрона Иқболова, ки бемор ва маъюби гурўҳи якум аст, аз ҳисоби маоши шахсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳиби тўҳфаҳои қиматнок, аз қабили сарулибос, магнитофон, телевизор ва дигар ашёи рўзгор хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.