ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПРОФЕССОРИ ФАХРӢ
18 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Синсзян сарфароз гардонда шуд. Маросими эълон намудани ин рўйдоди фараҳбахш ва супурдани дипломи унвони профессори фахрӣ, мантия ва кулоҳи махсуси он дар толори китобхонаи Донишгоҳи Синсзян баргузор гашт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди устодону донишҷўёни ин муассисаи олии таълимӣ ба ҳайати роҳбарии он барои сарфароз гардондани ў бо ин унвони фахрӣ арзи сипосу қадрдонӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






