«ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК» КАЙ НАШР МЕШАВАД?
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 1 июн дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати Шўрои илмии таҳририи «Энсиклопедияи миллии тоҷик», ки он бо Қарори Ҳукумати мамлакат аз 2 июни соли 2008, №311 тасдиқ шудааст, баргузор гардид. Аз маркази матбуоти Академияи илмҳо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа меъёрҳои ворид намудаи шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва муосир ба «Энсиклопедияи миллии тоҷик», ки нашри ҷадиди ҷилдҳои 1 ва 2-и он дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назар аст, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт. Зимни андешаронии хеш раиси ҳайати Шўрои илмии таҳрирӣ, Президенти АИ ҶТ М. Илолов, муовини раиси Шўро М. Диноршоев, аъзои Шўро Ф. Тоиров, Р. Масов, директори Сарредаксияи «Энсиклопедияи миллии тоҷик» А. Қурбонов ва дигарон паҳлӯҳои мухталифи ҷобаҷо гузории маводҳо ва чопи энсиклопедияро баррасӣ намуда, қарор карданд, ки бо дарназардошти масъалаи муҳим будани чопи «Энсиклопедияи миллии тоҷик», паҳлӯҳои мухталифи ин масъала дар ҷаласаҳои навбатии Шўро ба таври амиқ муҳокима шавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






