Ф. ЛЕРЕНЗО БА ТАШКИЛИ КОНФРОНСИ «ОБ — БАРОИ ҲАЁТ» БАҲОИ БАЛАНД ДОД

Июнь 8, 2010 18:21

Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи баргузории Конференсияи байналхалқии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» 2005-2015 имрӯз, 8 июн Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Президенти Ширкати «South-South News» Френсиз Лорензо мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масоили дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи байналмилалӣ, татбиқи Барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва самтҳои афзалиятноки таваҷҷӯҳи ҷонибҳо муҳокима ва баррасӣ гардид. О. Оқилов аз ҷонибдорӣ ва мусоидати  Ширкати «South-South News» дар самти баргузории Конференсияи байналхалқии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» 2005-2015 дар Душанбе изҳори сипос карда, тазаккур дод, ки Тоҷикистон минбаъд низ ҳамкориро бо ин ширкат дар сатҳи зарурӣ идома медиҳад. Гуфтанист, ки Ширкати «South-South News» яке аз аввалинҳо шуда иқдоми Президенти Тоҷикистонро дар мавриди гузаронидани Конфрон оид ба баррасии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» ҷонибдорӣ ва дастгирӣ намуда, дар раванди амалигардии он мусоидат намудааст. Ф. Лорензо сатҳи равобити Тоҷикистонро бо Ширкати «South-South News» баланд арзёбӣ карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани конфронс изҳори сипос намуд. Дар ин мулоқот ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба равобит ва ҳамкориҳои Тоҷикистон бо дигар сохторҳои СММ мубодилаи афкор карданд.

Июнь 8, 2010 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд