ФАЪОЛИЯТИ 24 ФОИЗИ КОРХОНАҲО ҚАТЪ ГАРДИД
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ- майи соли ҷорӣ миқдори корхонаҳое, ки пурра аз фаъолият истодаанд ба 221 адад мерасанд, ки ин 24,2 фоизи ҳамаи корхонаҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳад,- иброз доштанд дар Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар моҳи майи соли 2010 бошад 328 корхона фаъолият накард, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ҶММ «Зафар», «Исроил», КМ «Азот», КВД «Аэрофлот», ҶСШК «Равғани Сомонӣ», «АТО» ва «Эҳё» умуман аз фаъолият боз монданд. Ба гуфти ҳамин манбаъ, ин вазъият дар вилоятхои Суғду Бадахшон аз вилояти Хатлон дида беҳтар нест. Аз 80 номгӯи асосии маҳсулоти саноатӣ 39 номгӯй афзуда бошад ҳам, истеҳсоли 26 номгӯй кам шуда, аз рӯи 15 номгӯй маҳсулот истеҳсол нашудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






