ФОНДИ КӮМАК БАРОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ЗАРАРИ ОҚИБАТИ ТАБИӢ

Июнь 2, 2010 08:56

Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). —  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Давлатии Амонатгузории (БДА) "Амонатбонк" суратҳисоби махсус "Фонди кӯмак барои бартараф намудани зарари оқибати табии дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои вилояти Хатлон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ" кушод. Ҳамчунин, маълумот оиди суратҳисобҳои махсус ба Вазорати корҳои хориҷӣ барои паҳн кардан ба ташкилотхои байналмилалӣ ва давлатҳои донор фиристода шуд. Ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб субвенсияи моҳи майи соли ҷорӣ  пешакӣ  пурра маблаггузорӣ карда шудааст.        Мувофики дархостхои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ азнавтақсимкунии моддаҳои харҷномаи Вазорату идораҳо аз нав дида баромада шуда, барои рафъи оқибатхои офатхои табии 1,6 миллион сомони равона гаридааст ва он дар оянда низ  давом дода мешавад.  Вазорати молия мутобики протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои молияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор намуд, ки маблағҳои озоди ба якуми июни соли 2010 ба вучуд омадаро барои бартараф намудани оқибатҳои  офатҳои табии  равона намоянд. Мувофиқи қарори Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 894,4 ҳазор сомонӣ барои кӯмаки яквақта, барои оилаҳои аз офатхои табии зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб  ҷудо карда шуда ва ба суратҳисоби БДА  "Амонатбонк"  пардохт  карда шуд. Вазорати молия ҷумхурӣ аз ҳисоби музди меҳнати кормандони Вазорат 85 ҳазор сомонӣ барои расонидани ёрии молиявӣ ба зарардидагони оқибатҳои офатхои табии ба суратҳисоби махсуси хазинадории «Амонатбонк» гузаронид. Инчунин, аз ҳисоби сарфаи  маблағҳои Вазорат ва Сарраёсати молияи вилояти Хатлон  сохтмони ду хонаи истиқомати  сохта ба истифода медиҳад.     Суратҳисобҳои мазкур тавассути телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма ба маълумоти ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуда истодааст.

Июнь 2, 2010 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард