ГАЗУ НАФТРО НАБОЯД ЧУН ФИШАНГИ ИҚТИСОДӢ ИСТИФОДА КАРД
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ширкати «Газпром»- и Русия мушкилоти иқтисодиро бештар кард. Имрӯзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ бо сабаби ҷорӣ шудани пардохти ягонаи нархи сӯзишворӣ (230 доллари амрикоӣ барои ҳар як тонна маводи сӯхт) аз Федератсияи Русия арзиши ҳар як литри он аз 3 сомонию 70 дирам то 4 сомонию 20 дирам боло рафтааст. Айни ҳол, дар вилояти Суғд арзиши 1 литр сӯзишворӣ аз рӯи навъи он аз 3 сомонию 70 дирам то 4 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад нархи 1литр сӯзишворӣ новобаста аз навъи он аз 4 сомонию 20 то 4 сомонию 40 дирам ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳама ин боло бурдани нарх таъсирашро ба арзиши маводи хӯрока, сабзавоту полезиҳо ва ҳамчунин роҳкиро дар хатсайрҳои шаҳрию байнишаҳрӣ расонида, вазъи иқтисодии бе ин ҳам хароби ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро боз ҳам мушкилтар мегардонад. Роҳи аз ин вазъият берун рафтан танҳо дар монополияи давлатӣ шудани ширкатҳои газу нафт ва на ба таври фишанги фишороварӣ истифода шудани онҳост,- мегӯяд шореҳи иқтисодӣ Зафар Абдуллоев.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






