ГАЗУ НАФТРО НАБОЯД ЧУН ФИШАНГИ ИҚТИСОДӢ ИСТИФОДА КАРД

Июнь 24, 2010 08:45

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ширкати «Газпром»- и Русия мушкилоти иқтисодиро бештар кард. Имрӯзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ бо сабаби ҷорӣ шудани пардохти ягонаи нархи сӯзишворӣ (230 доллари амрикоӣ барои ҳар як тонна маводи сӯхт) аз Федератсияи Русия арзиши ҳар як литри он аз 3 сомонию 70 дирам то 4 сомонию 20 дирам боло рафтааст. Айни ҳол, дар вилояти Суғд арзиши 1 литр сӯзишворӣ аз рӯи навъи он аз 3 сомонию 70 дирам то 4 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад нархи 1литр сӯзишворӣ новобаста аз навъи он аз 4 сомонию 20 то 4 сомонию 40 дирам ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳама ин боло бурдани нарх таъсирашро ба арзиши маводи хӯрока,  сабзавоту полезиҳо ва ҳамчунин роҳкиро дар хатсайрҳои шаҳрию байнишаҳрӣ  расонида, вазъи иқтисодии бе ин ҳам хароби  ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро боз ҳам мушкилтар мегардонад. Роҳи аз ин вазъият берун рафтан танҳо дар монополияи давлатӣ  шудани ширкатҳои газу нафт ва на ба таври фишанги фишороварӣ истифода шудани онҳост,- мегӯяд шореҳи иқтисодӣ Зафар Абдуллоев.

Июнь 24, 2010 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад