ГУМРУК: 1 КГ 980 ГР ГЕРОИН ДАРЁФТ КАРДА ШУД

Июнь 4, 2010 11:12

Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Кормандони гумруки фурӯдгоҳи раёсати минтақавии гумрукии дар шаҳри Душанбе ҳангоми ба расмиятдарорӣ ва назорати мусофирони хатсайри Душанбе – Москва, шаҳрванди пойтахт Ольга Волская, соли таваллудаш 1984 дар интиқоли маводи нашъаоварӣ тавассути сарҳади гумрукии ҶТ гумонбар дониста, боздошт намуданд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми гузарондани муоинаи гумрукӣ аз таги либоси О. Волская 10 адад бастаи селофанӣ бо маводи ба героин монандро дарёфт ва мусодира карда шуд. Қочоқбар ба кормандони гумрук иқрор шуд, ки бар ивази интиқоли маводи мухаддир ба ӯ 3 ҳазор доллари ИМА ваъда кардаанд. Мутобиқи коршиносони лаборатории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маводҳои аз О. Волская дарёфтшуда 1 кг 980,5 гр-ро ташкил дод. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи нақлиётии ҶТ фиристонида шуд.       

Июнь 4, 2010 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд