ГУМРУК ҚОНУНШИКАНИҲОИ ГУМРУКИРО ОШКОР НАМУД
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Кормандони Раёсати минтақавии гумруки дар Вилояти Суғд дар панҷ моҳи соли 2010 – шаш парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди таҳқиқ парвандаҳои ҷиноятӣ ба мақомотҳои тафтишотӣ аз рӯи тобеият фиристонида шудааст. Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар давраи ҳособитӣ аз гардиши ғайриқонунӣ ба миқдори 11 кг 920 гр маводи мухадири героин гирифта шудааст. Дар ин давра Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд 1 ҳазору 123 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукиро ошкор намуда ба маблағи 343 ҳазору 232 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Молҳо аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба расмияти гумрукӣ дароварда, ба маблағи 3 млн. 906 ҳазору 260 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шудааст. Молҳо аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 88 ҳазору 140 сомонӣ мусодира карда шудааст. Аз тарафи кормандони гумруки вилояти Суғд дар панҷ моҳаи аввали соли 2010 бо гузаронидани чораҳои зарурӣ ҳамаги ба маблағи 4 млн. 924 ҳазору 965 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ҷарима ситонида шуда, ба буҷаи давлат гузаронида шуд. Аз чумла чанде пеш ҳангоми гузаронидани як амалиёти гумрукӣ дар чапраҳаҳои ҷамоати «Овчи-Қалъача»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақлиёти тамғаи «Мерседес — Бенс» рақами давлатиаш ЕВ 04-75 РТ 02 таҳти ронандагии Ашрапов С. боздошт карда шуд. Дар рафти гузаронидани муоинаи гумрукӣ маълум гардид, ки дар дохили бордони нақлиёт, телефонҳои мобилии тамғаи «Нокиа-1661» истеҳсоли хориҷӣ ба миқдори 475 дона бо қисмҳои эҳтиётии телефон дарёфт карда шуд. Ин молҳо ба истиқоматкунандаи шаҳри Ҳуҷанд Майюнусов Фирӯзҷон, соли таваллудаш 1979 таалуқ доштааст. Ӯ ин миқдор молҳоро аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон харидори намуда бе ягон хел ҳуҷҷат зимни қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид сохтааст. Инчунин кормандони мақомоти гумруки вилояти Суғд дар роҳи мошингарди Ғафуров-Ҳуҷанд, наздикии деҳаи Қистакӯз нақлиёти тамғаи «Газ-3302» рақами давлатиаш ВР 90-08 02/РТ таҳти ронандагии Қодиров Муродҷонро боздошт намуданд. Ҳангоми муоинаи гумрукӣ маълум гардид, ки дар дохили бордони нақлиёт пивои «Куллер», «Балтика-7», арақ ва шарбати мева ба миқдори умумии 3 ҳазору 978 дона дарёфт карда шуд, ки ин молҳо ба шаҳрванд Авезов Некбахт таалуқ доштааст. Ӯ ин молҳоро аз ҳудуди деҳаи Аркаи Ҷумҳурии Қирғизистон харидори намуда ба таври қочоқ ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст. Нисбат ба шахсони қонуншикан парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.