ГУРӮҲИ ЗУДАМАЛИ СААД БА ҚИРҒИЗИСТОН МЕРАВАД

Июнь 24, 2010 15:30

Душанбе,  24 июн. (АМИТ «Ховар»). —  Гурӯҳи  кории   зудамали  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ   таҳти роҳбарии  Муншии  умумии  созмон  Николай  Бордюжа 25  июн ба  Қирғизистон  меравад. Ҳайати  созмон  дар  Қирғизистон бо  вазъияти  сиёсию  ҳарбии   вилоятҳои  Ӯш  ва  Ҷалолобод   шинос  мешавад.  Тавре  ки  маълум  аст,  дар  ин  вилоятҳо  чанд  рӯз  пеш  бетартибиҳои оммавӣ  ва задухӯрдҳои  мусаллаҳона  рух  дода,  дар  натиҷаи онҳо  теъдоди  зиёди одамон   ҳалок  гардиданд. Вазифаи  асосии  гурӯҳ   санҷиш  ва таҳлили  вазъи  ҳарбию  сиёсии  Қирғизистон, расондани  кӯмак  ба  мақомоти  муҳофизи  қонуну  тартибот  дар  бобати бартараф  сохтани  оқибати бетартибиҳои оммавӣ   мебошад. Ҳайати  созмон   зимни  сафар  аз  шаҳрҳои   Бишкек,  Ӯш ва  Ҷалолобод  боздид  хоҳад  кард. Аз  рӯи  натиҷаҳои  сафар  барои  давлатҳои  аъзои  созмон   пешниҳодҳои  иловагӣ  тайёр  карда  мешаванд. Ба  ҳайати  созмон  намояндагони  ҷузъу томҳои  ҳарбии Арманистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, кормандони  котибот ва  ситоди  муттаҳидаи  СААД   шомиланд.

Июнь 24, 2010 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд