ГУРӮҲИ ЗУДАМАЛИ СААД БА ҚИРҒИЗИСТОН МЕРАВАД
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар»). — Гурӯҳи кории зудамали Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии Муншии умумии созмон Николай Бордюжа 25 июн ба Қирғизистон меравад. Ҳайати созмон дар Қирғизистон бо вазъияти сиёсию ҳарбии вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод шинос мешавад. Тавре ки маълум аст, дар ин вилоятҳо чанд рӯз пеш бетартибиҳои оммавӣ ва задухӯрдҳои мусаллаҳона рух дода, дар натиҷаи онҳо теъдоди зиёди одамон ҳалок гардиданд. Вазифаи асосии гурӯҳ санҷиш ва таҳлили вазъи ҳарбию сиёсии Қирғизистон, расондани кӯмак ба мақомоти муҳофизи қонуну тартибот дар бобати бартараф сохтани оқибати бетартибиҳои оммавӣ мебошад. Ҳайати созмон зимни сафар аз шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва Ҷалолобод боздид хоҳад кард. Аз рӯи натиҷаҳои сафар барои давлатҳои аъзои созмон пешниҳодҳои иловагӣ тайёр карда мешаванд. Ба ҳайати созмон намояндагони ҷузъу томҳои ҳарбии Арманистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, кормандони котибот ва ситоди муттаҳидаи СААД шомиланд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






