ИШТИРОКЧИЁНИ БМҲ-И ИМА БА ТОҶИКИСТОН БАРГАШТАНД
Душанбе, 7 июня. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Дар шаҳри Душанбе кормандони марказҳои бӯҳронӣ ва мутахассисони масъалаҳои гендерии гуногуни Тоҷикистон барои баррасӣ кардани натиҷаҳои барномаи касбии мубодилавии “Марказҳои бӯҳронӣ ва паногоҳҳо барои занон” дар ИМА, ки дар он номбурдагон иштирок карда усулҳои муосири пешгирӣ намудани хушунат нисбати занон дар оилаҳоро омӯхтанд, ҷамъ омаданд. Иштирокчиён роҳҳои дар кори худ дар Тоҷикистон истифода бурдани дониши андӯхтаашонро дида баромада доир ба такмили механизмҳои пешгирии хушунат мубодилаи афкор карданд. Иштирокчиён 27 -уми май аз ИМА баргаштанд. Барномаи Робитаи ҷомеаҳои Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) даҳ нафар иштирокчиёнро ба Сакраменто, Калифорния дар ИМА барои иштирок дар барномаи касбии сеҳафтаина фиристод. Иштирокчиёни барнома дар оилаҳои амрикоӣ зиндагонӣ карда бо ҳамтоёни худ доир ба масъалаҳои гуногуни пешгирӣ ва мубориза алайҳи хушунат нисбати занон ва кӯдакон мубодилаи афкор карданд. Дар Сакраменто иштирокчиён бо ҳамтоёни амрикоӣ вохӯрданд ва шароитҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданиеро, ки боиси хушунати хонаводагӣ мегарданд, омӯхтанд. Ҳангоми иштирок дар барнома онҳо бо тафсири муфассали унсурҳои ба монанди намудҳои хушунат, даврият ва таъсири он ба занон ва кӯдакон шинос шуданд. Иштирокчиён ҳамчунин амалинамоии системаи тафтишот (скрининг) ва истифодабарии навъҳои муосири мусоҳибаҳо, ки ба пурсандагон ҷиҳати беҳтар муайян намудани хусусиятҳои хушунатпешагон ва аломатҳои нахустини хушунатро таври муфассал омӯхтанд. «Дар ИМА ман фаҳмидам, ки барои мо ҳамчунин пешниҳоди хидматрасаниҳо барои марказҳои бӯҳронӣ ва сарпаноҳҳои кӯаконе, ки дар натиҷаи хушунатҳои оилавӣ осеб дидаанд зарур аст. Аммо мо дар чаҳорчӯбаи хушунати оилавӣ фикри кӯдаконро накарда будем»- гуфт директори ташкилоти Ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон» Қосимова Гулқурбон Ғайр аз он, иштирокчиён усулҳои нави кори марказҳои бӯҳронӣ, таъсиси меъёрҳои сифат ва самаранокии усулҳои хидматрасониро омӯхтанд. Аҳамияти бештар ба ҳамоҳангсозӣ ва кор бо дигар ташкилотҳо барои пешгирии беҳтари хушунат ва зӯроварӣ дар оила дода шуд. Иштирокчиён дар оилаҳои амрикоӣ зиндагӣ карда, дастовардҳои шаҳри Сан Франсиско — бозиҳои баскетболӣ ва ноҳияи шаробсозии Саномро тамошо карданд. “Занҷираи кӯмакрасониҳо барои осебдидагони хушунатҳои оилавӣ ва муҷозоти зараррасонандагон дар ИМА хеле хуб кор мекунад. Мо бояд дар фикри ҳамкориҳои боз ҳам зичтар бо якдигар, милитсия, муассисоти тиббӣ ва мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон бошем» — гуфт директори ташкилоти ғайриҳукуматии «Насл» Орзу Ғаниева Барномаи Робитаи ҷомеаҳои USAID барои соҳибкорон ва роҳбарони ташкилотҳои гуногуни Тоҷикистон имкониятҳои мубодилаи касбии аз се то панҷ ҳафтаинаро дар ИМА фароҳам меорад. Барномаи мазкур яке аз барномаҳои сершумори Оҷонсии рушди байналмиллалӣ мебошад, ки аз номи мардуми Амрико дар Тоҷикистон амалӣ мегардад. Аз соли 1992 инҷониб тавассути сафоратхонаи Амрико дар Душанбе, тахминан 900 миллион доллари амрикоӣ барои барномаҳои кӯмакдиҳандаи рушди ниходҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёти Тоҷикистон пешниҳод шудааст.