КӮМАКИ МОДДИИ ЯКВАҚТА БА МАРДУМИ НОҲИЯИ АЙНӢ

Июнь 23, 2010 11:49

Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 22 июни соли равон Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Айнӣ сафар намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар ин ноҳия Раиси вилоят аз минтақае, ки санаи 14 июни соли ҷорӣ дар натиҷаи ҳодисаи нохуш 16 нафар захмин шуда буданд, дидан намуда, бо мардуми аз фоҷиа хисоротдида мулоқот намуд ва ба онҳо кӯмаки моддии яквақтаро тақдим дошт. Ёдрас мешавем, ки санаи 14 июни соли ҷорӣ дар километри 139-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ – наздикии деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ мошини тамғаи «КАМАЗ», ки мансуб ба ҶСК «Фароз»-и шаҳри Душанбе буд ва аз вилояти Суғд ба пойтахти кишвар гази моеъ интиқол медод ба садама дучор гардид. Дар натиҷаи ин фалокат гази моеъ ба самти деҳаи Хушекат ҷорӣ шуда таркиш рух медиҳад, ки бар асари он чор хонаи истиқоматии сокинони ин деҳа зарар дида, 16 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ронандаи мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Зимни боздиди Раиси вилоят маълум гашт, ки аз нафарони осебдида то имрӯз 8 нафарашон дар беморхона фавтидаанд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба масъулин дастуру супориши қатъӣ дод, ки  барои осебдагон дар доираи имконоти мавҷуда кӯмак расонанд ва аз ҳолу аҳволи онҳо ҳамеша бохабар бошанд.  

Июнь 23, 2010 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд