КӮМАКИ МОДДИИ ЯКВАҚТА БА МАРДУМИ НОҲИЯИ АЙНӢ
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 22 июни соли равон Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Айнӣ сафар намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар ин ноҳия Раиси вилоят аз минтақае, ки санаи 14 июни соли ҷорӣ дар натиҷаи ҳодисаи нохуш 16 нафар захмин шуда буданд, дидан намуда, бо мардуми аз фоҷиа хисоротдида мулоқот намуд ва ба онҳо кӯмаки моддии яквақтаро тақдим дошт. Ёдрас мешавем, ки санаи 14 июни соли ҷорӣ дар километри 139-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ – наздикии деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ мошини тамғаи «КАМАЗ», ки мансуб ба ҶСК «Фароз»-и шаҳри Душанбе буд ва аз вилояти Суғд ба пойтахти кишвар гази моеъ интиқол медод ба садама дучор гардид. Дар натиҷаи ин фалокат гази моеъ ба самти деҳаи Хушекат ҷорӣ шуда таркиш рух медиҳад, ки бар асари он чор хонаи истиқоматии сокинони ин деҳа зарар дида, 16 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ронандаи мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Зимни боздиди Раиси вилоят маълум гашт, ки аз нафарони осебдида то имрӯз 8 нафарашон дар беморхона фавтидаанд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба масъулин дастуру супориши қатъӣ дод, ки барои осебдагон дар доираи имконоти мавҷуда кӯмак расонанд ва аз ҳолу аҳволи онҳо ҳамеша бохабар бошанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






