КИШТИ КАРТОШКА НОТАМОМ МЕМОНАД

Июнь 9, 2010 09:43

Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттило доданд, ки тибқи нақшаи пешбинишуда, соли ҷорӣ дар ноҳияҳои картошкапарвари ҷумҳурӣ  дар масоҳати 13 ҳазору 101 гектар кишти картошкаи баҳорӣ  гузаронида мешавад. То 7 – уми июн дар тамоми ноҳияҳои картошкапарвари ҷумҳурӣ дар масоҳати 8 ҳазору 712 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки   65 фоизи дурнамои кишти картошкаро ташкил медиҳад. Картошкапарварон хуб медонанд, ки бо гузаштани мавсими кишти баҳорӣ, ки он то 15- 20 – уми моҳи май давом мекунад ва ин мӯҳлати кишт низ на барои ҳамаи ноҳияҳои картошкапарвар мувофиқ аст, давом додани кишти баҳории картошка ғайр аз додани ҳисоботи беманфиат барои роҳбарони хоҷагиҳои картошкапарвар чизи дигаре беш нест.-мегӯяд Эсанбой Сарсенов, ки беш аз 40 сол дар хоҷагии «Намуна»- и ноҳияи  Ҷиргатол  агроном шуда кор мекунад.  

Июнь 9, 2010 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд