КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ КУРИЁ
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Рӯзҳои 1 ва 2 июли соли равон дар Ҷумҳурии Куриё бахшида ба проблемаҳои об конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар ин бора намояндаи Вазорати захираҳои замин, нақлиёт ва масъалаҳои баҳри Ҷумҳурии Куриё Биён Жей Йонг зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии бахшида ба натиҷаҳои даври аввали Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои зиндагӣ» дар шаҳри Душанбе хабар дод. Вай зикр кард, ки вазъияти иқлими мамлакат дар давоми 7 соли охир хеле муташанниҷ гардидааст ва ин ба иқтисодиёти мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Дар конфронси байналмилалии Куриё намояндагони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи уқёнуси Ором ширкат меварзанд. Дар конфронс нақшаҳои ҳамкорӣ дар масъалаи идораю истифодаи захираҳои об ва пешгирии оқибатҳои тағйир ёфтани иқлим муҳокима карда мешаванд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






