КОРМАНДОНИ БДА АЗ МИСРИ АРАБ БАРГАШТАНД

Июнь 9, 2010 09:45

Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба тарбия ва ташаккули кормандони ҷавони милитсия ҷиддӣ кор мебаранд,- иброз доштанд дар шӯъбаи кадрҳои вазорат ба мухбири АМИТ «Ховар». Масъалаи аз ҳисоби ҷавонон пурра кардани сафи  кормандони милитсия сол то сол беҳтар мегардад. Айни замон беш аз 33 фоизи хадамоти хизмати беруна,  43,6 фоизи кормандони кофтукови ҷиноӣ, 42,3 фоизи ҳайати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддир ва 28,5 фоизи воҳидҳои Раёсати Қушунҳои Дохилиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамасола гурӯҳе аз ин ҷавонон барои таҷрибаомӯзӣ ба давлатҳои хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Чанде пештар, аз Ҷумҳурии  Мисри Араб як гурӯҳи бозрасии давлатии автомобилӣ баъди омӯзиши таҷриба ба ҷумҳурӣ баргаштанд ва таҷрибаву маҳорати омӯхтаашонро ба дигар гурӯҳҳои бозрасӣ дар ҷумҳурӣ меомӯзонанд.  

Июнь 9, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд