ЛОИҲАИ ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ТАҲИЯ ШУДААСТ
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ таҳия шуда, вақтҳои наздик барои баррасӣ тавассути васоити ахбори омма ба ҷомеа ва Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад», гуфт зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Додихудо Саймуддинов. Мавсуф афзуд, ки дар имлои нав қоидаҳои забони тоҷикӣ ҷой дода шуда, дар он ба ягон ҳарфи алифбо тағйирот ворид карда намешавад. Дар имло қоидаҳои нав аз нигоҳи илмӣ дақиқ карда мешаванд. Дар имлои нав маҳдудият дар истифодаи ҳарфи «ӯ» ҷой дорад. Ба андешаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Д. Саймуддинов истифодаи ҳарфи «ӯ» хоси забони ӯзбекӣ аст. Дар лоиҳаи нави имлои забони тоҷикӣ хавфи аз байн бурдани ҳарфи «ӯ» аз имлои кириллии забони тоҷикӣ вуҷуд надошта, балки қоидаи истифодаи онро дар мавриди муайян пешниҳод карда, мавқеи истифодаи аломати сакта «ъ» мушаххас мегардад. Додихудо Саймуддинов ҳамзамон гуфт, ки Кумита дар ҳамкорӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ чопи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро низ омода кардааст. Мавриди зикр аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2009 таъсис дода шуда, ҳадафи он татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ташаккули забони давлатӣ мебошад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






