МӮҲЛАТИ САНҶИШИ СОҲИБКОРОН ФАРО РАСИД

Июнь 16, 2010 09:45

Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Давраи  мороторияи санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёнаи  ватанӣ, ки ба  мӯҳлати ду сол эълон гардида буд моҳи июл    ба охир мерасад. Бино ба гуфти ҷонишини мудири шӯъбаи соҳибкории  Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ  ва идораи  амволи давлатӣ Абдумаҷид Мӯъминов,   фаъолияти соҳибкорони хурду миёна дар давоми ду соли эълони моротория      бо риояи тамоми қонунгузориҳои мавҷудаи ҶТ бе дахолати ташкилоту идораҳои марбута  гузашт. Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фаъолияти худро оид ба таҳлили мӯҳлати дусолаи моротория эълон шудани соҳибкорони хурду миёна қатъ карда буд. Аз моҳи июл сар карда кормандони кумита чун пештара ба санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна оғоз намуда, хулосаю таҳлилҳои худро ба  Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд. Мақсад аз пешниход намудани хулосаи коршиносон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ,  самаранок будани ин восита ва минбаъд  дар амал истифода бурдани чунин усули кор хоҳад буд. Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 120 ҳазор соҳибкорон расман фаъолият доранд. Санҷиши минбаъда  нишон медиҳад, ки соҳибкорон дар давраи моротория қонунҳоро чӣ тавр риоя кардаанд ва ба кадом қонуншиканиҳо роҳ додаанд.     

Июнь 16, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд