МӮҲЛАТИ САНҶИШИ СОҲИБКОРОН ФАРО РАСИД
Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Давраи мороторияи санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёнаи ватанӣ, ки ба мӯҳлати ду сол эълон гардида буд моҳи июл ба охир мерасад. Бино ба гуфти ҷонишини мудири шӯъбаи соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Абдумаҷид Мӯъминов, фаъолияти соҳибкорони хурду миёна дар давоми ду соли эълони моротория бо риояи тамоми қонунгузориҳои мавҷудаи ҶТ бе дахолати ташкилоту идораҳои марбута гузашт. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фаъолияти худро оид ба таҳлили мӯҳлати дусолаи моротория эълон шудани соҳибкорони хурду миёна қатъ карда буд. Аз моҳи июл сар карда кормандони кумита чун пештара ба санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна оғоз намуда, хулосаю таҳлилҳои худро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд. Мақсад аз пешниход намудани хулосаи коршиносон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, самаранок будани ин восита ва минбаъд дар амал истифода бурдани чунин усули кор хоҳад буд. Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 120 ҳазор соҳибкорон расман фаъолият доранд. Санҷиши минбаъда нишон медиҳад, ки соҳибкорон дар давраи моротория қонунҳоро чӣ тавр риоя кардаанд ва ба кадом қонуншиканиҳо роҳ додаанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






