МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ ВМКБ

Июнь 14, 2010 11:38

Хоруғ,  14 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). —     13 июн  дар  толори  маҷлисҳои   мақомоти   иҷроияи   ҳокимияти давлатии  ВМКБ  таҳти раёсати   Сарвазири  мамлакат  Оқил  Оқилов   маҷлиси   роҳбарон  ва  кормандони   масъули  идораҳо, ташкилоту  муассисаҳо ва  шаҳру  ноҳияҳои   вилоят  баргузор  гардид.  Дар  он  натиҷаҳои  боздиди   гурӯҳи  корӣ   таҳти роҳбарии  Сарвазир  ба  ВМКБ  ҷамъбаст  карда шуданд.  Тавре  хабар  дода шуда буд,  гурӯҳи корӣ  таҳти роҳбарии  Сарвазир бо  ҷараёни  тайёрии  вилоят  ба  ҷашни  Ваҳдати  миллӣ шинос гардида, рафти   сохтмони  иншоотҳои  идонаро   аз  назар  гузаронид. Сарвазир  зимни  мулоқот  бо  фаъолони  вилоят  аз  ҷараёни омодагӣ ба  ҷашн  ва  сохтмони  иншоотҳои  идона  изҳори  қаноатмандӣ  намуд.  Қайд  карда  шуд, ки   камбудиҳои  ҷузъии  мавҷударо  дар  давоми  чанд  рӯз  ислоҳ  кардан  мумкин  аст. Ба  ақидаи  Сарвазир   ҳамаи  иншоотҳо  умуман  бо  сифати  хуб  бунёд  гардидаанд.

Июнь 14, 2010 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд