МАҶЛИСИ ШӮРОИ БОНКИ РУШДИ ЕВРАЗИЯ
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 6 июн дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон маҷлиси навбатии Шӯрои Бонки рушди Евразия баргузор гардид. Дар он аз Тоҷикистон вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирок дошт. Аъзои шӯро ҳисоботи солонаи раёсати бонк ва ҳисоботро дар бораи фоидаю зарари муассиса дар соли 2009 шунида, муҳокима карданд. Инчунин пешниҳоди раёсати бонк дар бораи тақсими фоидаи он дар соли 2009, ташкили фонди эҳтиётӣ ва ҷараёни иҷрои барномаи тадбирҳои фаъолияти бонкро дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва ғайра баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Бонки рушди Евразия соли 2006 бо мақсади мусоидат ва рушди иқтисоди бозаргонии давлатҳо, пешрафти босуботи иқтисодӣ ва густариш додани равобити тиҷоратӣ ташкил карда шуда буд. Муассисони бонк Русия, Қазоқистон, Арманистон ва Тоҷикистон мебошад. Сармояи ибтидоии бонк 1,5 миллиард доллари ИМА буд. Маблағи даромади он дар давоми солҳои гузашта 10,45 фоиз афзуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






