МАКТАБИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ ИДМ ДАР МИНСК

Июнь 23, 2010 11:00

Минск,  23 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). —  Дар  пойтахти  Ҷумҳурии  Белорусия – шаҳри  Минск Мактаби  байналмилалии  панҷуми  тобистонаи  олимони  ҷавони таърихшиноси  мамлакатҳои  ИДМ  кушода шуд.  Дар  мактаби  мазкур қариб  70  нафар  олим  ва  омӯзгори  ҷавон  аз  Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия,  Русия, Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон  таҳсил  мекунанд.  Мактаб  бо ташаббуси  Пажӯҳишгоҳи таърихи  умумии Академияи  илмҳои  Русия  ва  Пажӯҳишгоҳи таърихи  Академияи  илмҳои   Белорусия  кушода шуд.  Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  олимони  ҷавони   мамлакатҳои  ИДМ  дар  давоми  як  ҳафта  роҷеъ ба   проблемаҳои  муҳимтарини таърихи  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  табодули назар  менамояд.  Ба  онҳо  олимону  мутахассисони  пажӯҳишгоҳҳои таърихи  мамлакатҳои  ИДМ  лексия  мехонанд.

Июнь 23, 2010 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд