МАРКАЗҲОИ БӮҲРОНӢ ВА ПАНОГОҲҲО БАРОИ ЗАНОН
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе кормандони марказҳои бӯҳронӣ ва мутахассисони масъалаҳои гендерии ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон барои баррасӣ кардани натиҷаҳои барномаи касбии мубодилавии “Марказҳои бӯҳронӣ ва паногоҳҳо барои занон” дар ИМА, ки дар он иштирок карда усулҳои муосири пешгирӣ намудани хушунат нисбати занон дар оилаҳоро омӯхтанд, ҷамъ омаданд. Иштирокчиён роҳҳои дар кори худ дар Тоҷикистон истифода бурдани дониши андӯхтаашонро дида баромада доир ба такмили механизмҳои пешгирии хушунат мубодилаи афкор карданд. Барномаи Робитаи ҷомеаҳои Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) даҳ нафар иштирокчиёнро ба Сакраменто, Калифорния дар ИМА барои иштирок дар барномаи касбии сеҳафтаина фиристод. Иштирокчиёни барнома дар оилаҳои амрикоӣ зиндагонӣ карда бо ҳамтоёни худ доир ба масъалаҳои гуногуни пешгирӣ ва мубориза алайҳи хушунат нисбати занон ва кӯдакон мубодилаи афкор карданд. Дар Сакраменто иштирокчиён бо ҳамтоёни амрикоӣ вохӯрданд ва шароитҳои иҷимоӣ, иқтисодӣ ва маданиеро, ки боиси хушунати хонаводагӣ мегарданд, омӯхтанд. Ҳангоми иштирок дар барнома онҳо бо тафсири муфассали унсурҳои ба монанди намудҳои хушунат, даврият ва таъсири он ба занон ва кӯдакон шинос шуданд. Иштирокчиён ҳамчунин амалинамоии системаи тафтишот (скрининг) ва истифодабарии навъхои муосири мусоҳибаҳо, ки ба пурсандагон ҷиҳати беҳтар муайян намудани хусусиятҳои хушунатпешагон ва аломатҳои нахустини хушунатро таври муфассал омухтанд. “Дар ИМА ман фаҳмидам, ки барои мо ҳамчунин пешниҳоди хидматрасаниҳо барои марказҳои бӯҳронӣ ва сарпаноҳҳои кӯдаконе, ки дар натиҷаи хушунатҳои оилавӣ осеб дидаанд зарур аст. Аммо мо дар чаҳорчӯбаи хушунати оилавӣ фикри кӯдаконро накарда будем”- гуфт директори ташкилоти ҷамъиятии “Наҷоти кӯдакон” Гулқурбон Қосимова. Ғайр аз он, иштирокчиён усулҳои нави кори марказҳои бӯҳронӣ, таъсиси меъёрҳои сифат ва самаранокии усулҳои хидматрасониро омӯхтанд. Аҳамияти бештар ба ҳамоҳангсозӣ ва кор бо дигар ташкилотҳо барои пешгирии беҳтари хушунат ва зӯроварӣ дар оила дода шуд. қисми таркибии ин барномаро таҷрибаи фарҳангӣ ҷамъ гардонид. Иштирокчиён дар оилаҳои амрикоӣ зиндагӣ карда, дастовардҳои шаҳри Сан Франсиско — бозиҳои баскетболӣ ва ноҳияи шаробсозии Саномро тамошо карданд. “Занҷираи кӯмакрасониҳо барои осебдидагони хушунатҳои оилавӣ ва муҷозоти зараррасонандагон дар ИМА хеле хуб кор мекунад. Мо бояд дар фикри ҳамкориҳои боз ҷам зичтар бо якдигар, милитсия, муассисоти тиббӣ ва мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон бошем” — гуфт директори ташкилоти ғайриҳукуматии “Насл” Орзу Ғаниева.