МАШҚИ ҲАРБӢ ДАР ВИЛОЯТИ РОСТОВ

Июнь 11, 2010 09:41

Душанбе,  11 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  9 июн  дар  пойгоҳи  низомии   Маркази таълимии  ҳайати  қумондонии  минтақавии  дар  округи  Шимоли  Қафқозбудаи   артиши  дохилаи  Вазорати  корҳои  дохилии  Русия   машқи  муштараки  махсуси  тактикии  ҷузъу  томҳои  махсуси  мақомоти  корҳои дохилии  аъзои  Қувваҳои   дастаҷамъии  вокуниши  таъҷилии  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  баргузор  гардид.   Ҳадафи  гузаронидани  машқ   мувофиқ  сохтани  амалиёти  муштараки  ҷузъу  томҳои низомӣ  барои   қатъ  намудани  амалиёти  гурӯҳҳои  террористӣ,  бастани  роҳҳои  қочоқи  аслиҳа, маводи  тарканда  ва   нашъадор  дар  қаламрави  яке  аз  мамлакатҳои аъзои  созмон  мебошад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки дар  машқ  бештар  аз  450  корманд  ва   хизматчиёни  ҳарбии  вазоратҳои  корҳои  дохилии  Русия  ва  мамлакатҳои  дигари  аъзои  созмон  иштирок  доштанд. Аз Тоҷикистон  дар  машқи  мазкур  ротаи   милитсияи   таъиноти  махсуси  Вазорати  корҳои дохилии  ҷумҳурӣ  дар  ҳайати  қумондон  Дилшод  Исломов,  муовини  қумондон Шӯҳрат  Мирзоев,  омӯзгори  тайёрии  ҳарбӣ  Муҳиддин  Давлатов,  қумондони  взвод  Сӯҳроб  Носиров  ва  сардори даста  Саъдулло  Файзуллоев  ширкат  варзиданд.    

Июнь 11, 2010 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд