МАШҚИ ҲАРБӢ ДАР ВИЛОЯТИ РОСТОВ
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 9 июн дар пойгоҳи низомии Маркази таълимии ҳайати қумондонии минтақавии дар округи Шимоли Қафқозбудаи артиши дохилаи Вазорати корҳои дохилии Русия машқи муштараки махсуси тактикии ҷузъу томҳои махсуси мақомоти корҳои дохилии аъзои Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Ҳадафи гузаронидани машқ мувофиқ сохтани амалиёти муштараки ҷузъу томҳои низомӣ барои қатъ намудани амалиёти гурӯҳҳои террористӣ, бастани роҳҳои қочоқи аслиҳа, маводи тарканда ва нашъадор дар қаламрави яке аз мамлакатҳои аъзои созмон мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар машқ бештар аз 450 корманд ва хизматчиёни ҳарбии вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва мамлакатҳои дигари аъзои созмон иштирок доштанд. Аз Тоҷикистон дар машқи мазкур ротаи милитсияи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ҳайати қумондон Дилшод Исломов, муовини қумондон Шӯҳрат Мирзоев, омӯзгори тайёрии ҳарбӣ Муҳиддин Давлатов, қумондони взвод Сӯҳроб Носиров ва сардори даста Саъдулло Файзуллоев ширкат варзиданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






