МЕЪЁРИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ АЗ СӮИ ОЛИМОНИ ҶАҲОН ЭЪТИРОФ ШУД
Душанбе, 24 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз сӯи коршиносони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва профессорони Донишгоҳи Балони Италия Антонино Панино ва Бруно Ҷенито хуб арзёбӣ гардид, ки он шаҳодати эътирофи меъёрҳои Қонуни забони давлатӣ аз нигоҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалист. Назар ба иттилои Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов бо мақсади огоҳии ҳар чӣ бештари мардум аз Қонуни забони давлатӣ Кумитаи забон ва истилоҳот 3000 нусха китобчаро, ки дар он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гирд оварда шудааст, ба нашр расонда, барои истифода ба ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон пешниҳод кард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






