МЕЪЁРИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ АЗ СӮИ ОЛИМОНИ ҶАҲОН ЭЪТИРОФ ШУД

Июнь 24, 2010 13:50

Душанбе, 24 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз сӯи коршиносони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо  ва профессорони Донишгоҳи Балони Италия Антонино  Панино ва Бруно Ҷенито хуб арзёбӣ гардид, ки он шаҳодати  эътирофи меъёрҳои  Қонуни забони давлатӣ аз нигоҳи  созмонҳои бонуфузи байналмилалист. Назар ба иттилои Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов бо мақсади огоҳии  ҳар чӣ бештари мардум  аз Қонуни забони давлатӣ Кумитаи забон ва истилоҳот 3000 нусха китобчаро, ки дар он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гирд оварда шудааст,  ба нашр расонда, барои истифода ба ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон пешниҳод кард.

Июнь 24, 2010 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд