МОТО КАНИШИ : — «РОҒУН БА МАНФИАТИ МИНТАҚА АСТ»
БА ТАҲҚИҚИ СОХТМОНИ РОҒУН МУТАХАССИСОНИ БЕҲТАРИНИ ҶАҲОН ҶАЛБ КАРДА МЕШАВАНД (Мусоҳибаи мудири иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Мото Каниши бо мухбири ҳафтаномаи «Азия Плюс») — Шумо баъди мулоқотатон бо Президент Эмомалӣ Раҳмон 10 март ба журналистон хабар додед, ки дар бораи ташхиси сохтмони НБО «Роғун» таҳти васояти Бонки ҷаҳонӣ паймон карда шуд. Барои таҳқиқи нақшаи сохтмони нерӯгоҳи оянда моҳи июн озмуни байналмилалӣ гузаронида мешавад. Бо вуҷуди ин, мамлакатҳои гуногун дар масъалаи сохтмони НБО «Роғун» ақидаҳои мухталиф доранд. Ба ақидаи Шумо, оё Тоҷикистон ҳақ дорад, ки масъалаи таъминоти доимии аҳолии мамлакатро бо қувваи барқ мустақилона ҳал кунад ва бо ин роҳ истиқлолияти энергетикии худро ба даст орад? — Тоҷикистон ба ин ҳуқуқи комил дорад ва хеле хуб аст, ки ҳукумат бо ҳар роҳу восита ҳамаи сокинони мамлакатро бо қувваи барқ таъмин кардан мехоҳад. Ин барои рушди сектори хусусӣ, истеҳсоли қувваи барқ ва пешрафти иқтисодии мамлакат аҳамияти калон дорад. Масъалаи сохтмони Роғун ва нақши он дар наҷот додани Тоҷикистон аз вартаи бӯҳрони энергетикӣ гуфтан мумкин аст, ки ин яке аз роҳҳои ҳалли проблема аст. Дар ин бобат ҷустуҷӯ ва ёфтани роҳу усулҳои стратегии бунёди истеҳсолоти серсоҳа дар мамлакат хеле муҳим мебошад. Инро ба воситаи роҳу усулҳои гуногун таъмин кардан мумкин аст. Ман зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон зикр кардам, ки Бонки ҷаҳонӣ барои ворид сохтани навъҳои гуногуни сӯзишворӣ, аз ҷумла, газу ангишт ва маҳсулоти нафт 15 миллион доллари ИМА ҷудо карда метавонад. Инчунин пешниҳод карда шуд, ки ҳукумати Шумо низ ҳамин қадар маблағ ҷудо кунад. Бо ин мақсад, фонди алоҳида низ таъсис додан мумкин аст, ки бо маблағи он дар фасли зимистон аз соҳибкорони хусусӣ маводи сӯхт харидан мумкин аст. Дар Тоҷикистон соҳибкорону тоҷироне ҳастанд, ки сӯзишвориро аз хориҷа ба мамлакат ворид карда метавонанд. Вале масъалаи хариди онҳо аз тарафи гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ хеле душвор мегардад. Масъалаи дуюм ҳамин аст, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистон ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат карда, хоҳиш намуданд, ки асоснокии нақшаҳои техникию иқтисодии сохтмони нерӯгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ таҳқиқ карда шавад ва натиҷаҳои он ба ҳукумати мамлакатҳои поёноб пешниҳод гардад. Ин масъала хеле муҳим аст, зеро нерӯгоҳи барқии обии Роғун сохтмони ниҳоят бузург буда, дар яке аз дарёҳои байналхалқӣ сохта мешавад. Бояд гуфт, ки мамлакатҳои поёноб, аз ҷумла Туркманистон тамоми обро аз хориҷа дастрас менамояд. Ӯзбекистон ҳам захираҳои калони обӣ надорад ва 77 фоизи обро аз Тоҷикистон мегирад. Ин мамлакатҳо дар бобати таъминоти о б ба мамлакатҳои болооб вобастагии калон доранд. Бинобар ин ҳам мо ва ҳам онҳо манфиатдорем, ки таҳқиқи сохтмони чунин иншоотҳои азим дар сатҳи байналмилалӣ гузаронида шавад. Масъалаи сеюм ҳамин аст, ки тараққиёти оқилонаю дуруст ва дурандешонаи соҳаи гидроэнергетика дар минтақаи Осиёи Марказӣ барои мамлакатҳои поёноб аҳамияти калон дорад. Сохтмони бандҳои об ва обанборҳои калон имкон медиҳад, ки дар вақти зарурат ба мамлакатҳои поёноб бештар об дода шавад. Дар ин бобат қайд карданиам, ки сохтмони бандҳои об ва обанборҳои калонро дар минтақа бештар сохтан зарур аст. Чунин иншоотҳо имкон медҳанд, ки ҳаҷми зиёди обро захира карда, маҷрои дарёҳоро таҳти назорат гирифта, ба ҳамаи мамлакатҳо бештар об дода шавад. Чи тавре ки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бисёр ҷамъомадҳои гуногун зикр кард, ин масъала хеле муҳим аст ва онро сарфи назар кардан мумкин нест. Агар НБО «Роғун» дурусту оқилона сохта шавад ва агар ҳамаи масъалаҳои муҳандисию техникии сохтмони он ба назар гирифта ва риоя карда шаванд, ин ҳам ба манфиати Тоҷикистон ва ҳам ба манфиати мамлакатҳои поёноб мебошад. Баъдан дар Тоҷикистон бандҳои нави об ва обанборҳои нави калонтарро сохтан мумкин аст. Ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба содиркунандаи асосии қувваи барқ ба мамлакатҳои дигар табдил ёбад. Вале дурустии ҳалли масъалаи таҳқиқу ташхиси ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодии сохтмони нерӯгоҳ ва истифодаи он аҳамияти калон дорад. — Мутаассифона, бояд қайд кард, ки масъалаи сохтмони НБО «Роғун» ба масъалаи сиёсӣ табдил ёфтааст. Мамлакатҳои поёноб ҳарос доранд, ки Тоҷикистон ба ин восита захираҳои оби минтақаро таҳти назорати худ гирифта метавонад. Ба ақидаи Шумо, ин шубҳаҳо ва тарсу ҳаросро чи гуна аз байн бурдан мумкин аст. Ва агар яке аз мамлакатҳо натиҷаҳои ташхиси Бонки ҷаҳониро қабул накунад, масъала чи гуна ҳал карда хоҳад шуд? — Дар робита бо саволи Шумо таъкид карданиам, мо ҷараёни машваратҳо ва таҳқиқу ташхисро чунон ташкил менамоем, ки натиҷаҳои онҳо дар чанд давра бо ҳисоботи гуногун тайёр карда шаванд. Ин ҳисоботҳо ба ҳамаи мамлакатҳои манфиатдор фиристода мешаванд. Баъди ин давраи муҳокима ва машварат шурӯъ мегардад. Бо ҳамин роҳ мо ба ҳамаи мамлакатҳои манфиатдор дар бораи ҷиҳатҳои гуногуни масъала дар ҳамаи давраҳои сохтмони НБО «Роғун» маълумоти бештар дода метавонем. Инчунин ташкили гурӯҳи коршиносони мустақили байналмилалӣ пешбинӣ карда мешавад, ки ҳамаи ақидаҳо ва даъвоҳои мамлакатҳои манфиатдорро ба инобат гирифта, нуқтаи назари худро роҷеъ ба ин ё он масъала пешниҳод хоҳад кард. Ин иқдом дар се давра гузаронида мешавад. Аввалан, дар давраи банақшагирӣ ва сохтмони банди оби обанбори нерӯгоҳ боварӣ ҳосил кардан лозим аст, ки он комилан эътимодбахш ва бехатар мебошад. Бинобар ин мо бояд эътимод ҳосил кунем, ки таҷрибаи пешқадами сохтмони чунин иншоотро истифода мебарем. Тавре ки маълум аст, банди оби обанбори НБО «Норак» низ аз сангу хок ва шағал сохта шуда, яке аз бандҳои оби баландтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Дар вақташ мутахассисони беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ ба сохтмони он ҷалб карда шуда буданд. Акнун мо низ бояд мутахассисони беҳтарини ҷаҳонро ба сохтмони НБО «Роғун» ҷалб намоем. Онҳо бояд тамоми ҷараёни банақшагирӣ ва сохтмони нерӯгоҳро назорат кунанд. Сониян, ба мо зарур аст, ки нақшаи бо об пур кардани обанборро чи дар ҷараёни сохтмони банди об ва чи баъди анҷоми сохтмони он ҳамаҷониба андеша кунем. Ин масъала бояд тавре ҳал карда шавад, ки ҳамаи тарафҳои манфиатдорро қонеъ гардонад. Баъдан, дар мавриди сохта шудани нерӯгоҳи барқи обии Роғун, нерӯгоҳҳои барқи обии Норак ва Роғун ҳамчун объекти ягона истифода бурда мешаванд. Дар робита тартиби истифодаи онҳоро баррасӣ намудан зарур аст. Мо бояд чунин тартиби кори онҳоро таъмин намоем, ки ба мамлакатҳои поёноб таъсири манфӣ нарасонад. Тавре ки маълум аст, сар додани об ба самти мамлакатҳои поёноб, хусусан дар давраи нашъу нумӯи пахта аҳамияти калон дорад. Агар таърихи сохтмони НБО «Норак» — ро ба инобат гирем, Тоҷикистон дар бобати сохтмони чунин иншоотҳои бузург таҷрибаи калон дорад. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон то имрӯз ҳамаи ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро дар масъалаи сар додани об ба самти мамлакатҳои поёноб иҷро менамояд. Ин масъала танҳо як сол муташанниҷ гардид, ки дар тамоми минтақа хушксолӣ рух дод ва сатҳи об дар дарёҳо аз меъёри муқаррарӣ хеле поин фуромад. Бо назардошти маълумоти омор гуфтан мумкин аст, ки имрӯз маҷро ва ҳаҷми оби дарёи Ому ба мавсим, фасл ва моҳҳои сол вобаста мебошад. Айни ҳол НБО «Норак» маҷрои бисёрсолаи дарёи Вахшро танзим карда наметавонад. Вале дар мавриди сохта шудани «Роғун», мо метавонем, тағйироти мавсимии маҷрои дарёи Ому ва вуруди обро ба он танзим кунем. Дар ин маврид тарафҳо маслиҳату машварат карда метавонанд, ки дар кадом мавсими сол чи қадар обро сар диҳанд. Умед Бобохонов, Муродалӣ Умаров, Азия – Плюс Вашингтон, ИМА. (Тарҷумаи АМИТ «Ховар»)