МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

Июнь 17, 2010 08:52

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои бахши матбуотии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маҳмадамин Маҳмадаминов – роҳбари  вазорати мазкур,  сармутахассис оид ба ҳифзи меҳнати Бюрои таъмини бехатарии меҳнат (ТБМ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ  ва Осиёи Марказӣ дар Маскав Викинг Хусбергро қабул намуд. Мақсад аз ин вохӯрӣ пешниҳод намудани маълумот оид ба лоиҳаи нав барои шарикони сетарафаи таъмини бехатарии меҳнат, бартараф кардани бӯҳрон ва таъмини  меҳнати арзанда ва бехатарии меҳнатдар ин кишварҳо арзёбӣ  гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи ташкил намудани машғулияти дурӯза оид ба ҷорӣ кардани стандартҳои асосии байнидавлатӣ барои кормандони Хадамоти давлатии  назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шарикони иҷтимоӣ ва сарони муассисаҳои пилотӣ, ки стандартҳои ҳифзи меҳнатро марҳила ба марҳила ҷорӣ менамоянд, муҳокима гардиданд.    

Июнь 17, 2010 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд