МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои бахши матбуотии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маҳмадамин Маҳмадаминов – роҳбари вазорати мазкур, сармутахассис оид ба ҳифзи меҳнати Бюрои таъмини бехатарии меҳнат (ТБМ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар Маскав Викинг Хусбергро қабул намуд. Мақсад аз ин вохӯрӣ пешниҳод намудани маълумот оид ба лоиҳаи нав барои шарикони сетарафаи таъмини бехатарии меҳнат, бартараф кардани бӯҳрон ва таъмини меҳнати арзанда ва бехатарии меҳнатдар ин кишварҳо арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи ташкил намудани машғулияти дурӯза оид ба ҷорӣ кардани стандартҳои асосии байнидавлатӣ барои кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шарикони иҷтимоӣ ва сарони муассисаҳои пилотӣ, ки стандартҳои ҳифзи меҳнатро марҳила ба марҳила ҷорӣ менамоянд, муҳокима гардиданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






