МУҲОКИМАИ ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ ШЕЪРИ ТОҶИКӢ
Душанбе, 1 июн. (АМИТ«Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар пленуми навбатӣ, ки 4-уми июн дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мегардад, аъзоёни он масъалаи вазъи имрӯзаи шеъри тоҷикро муҳокима хоҳанд кард. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи нависандагон хабар доданд, дар маҷлис мазмуну мӯҳтаво, услуби иншову ороиш ва сифати чопи шеърҳое, ки имрӯз нашриётҳои давлатию хусусӣ барои хонандагон ба табъ мерасонанд ва роҳҳои беҳбуди он мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Бояд қайд кард, ки имрӯз бо вуҷуди он ки шумораи шоирону нависандагони Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст, вале сатҳи шеъри имрӯза хеле заиф буда, ба домани шеъри солҳои 70-80- и асри гузашта расида наметавонад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






