МУҲОКИМАИ ВАЗЪИЯТИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР СААД
Маскав, 15 июн. (АМИТ «Ховар»). — 14 июн дар Маскав машварати таъҷилии котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар он тадбирҳои мӯътадил гардонидани вазъияти Қирғизистон муҳокима карда шуданд. Дар машварат роҳбарони шӯроҳои амнияти Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва намояндаи ваколатдори Қирғизистон дар СААД иштирок намуданд. Дар машварат таъкид карда шуд, ки тадбирҳои андешидаи ҳукумати муваққатии Қирғизистон барои ҷорӣ кардани тартибот, пешгирии куштори одамон ва талаю тороҷи бозору мағозаҳо, инчунин оташ задани биноҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Иштирокчиёни машварат изҳори боварӣ карданд, ки тадбирҳои дастаҷамъӣ ва кӯшишҳои мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи Қирғизистон бо дастгирии фаъолонаи давлатҳои аъзои СААД барои мӯътадил гардонидани вазъият шароит муҳайё месозад. Президенти Русия Д.Медведев вазъияти Қирғизистонро тоқатнопазир номид. Вай зикр намуд, ки дар давоми ду рӯзи охир бар асари задухӯрдҳо бештар аз 120 нафар ҳалок шуд. Мо бояд барои ҷорӣ кардани тартибот ва ҳокимияти қонунӣ тадбирҳои қатъӣ андешем. Д.Медведев хабар дод, ки вазъияти Қирғизистонро зимни сӯҳбати телефонӣ бо раиси ҳукумати муваққатӣ Роза Отунбоева баррасӣ намудааст. Вай зикр намуд, ки дар мавриди зарурат ба Қирғизистон барои ҷорӣ намудани тартибот кӯмаки таъҷилӣ расонида мешавад. Барои ин боз як машварати дигари роҳбарони шӯроҳои амният ё мулоқоти таъҷилии сарони давлатҳои аъзои созмонро даъват кардан мумкин аст, гуфт Д.Медведев.