МУҲОКИМАИ ВАЗЪИЯТИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР СААД

Июнь 15, 2010 10:04

Маскав,  15 июн. (АМИТ «Ховар»). —  14  июн дар  Маскав  машварати таъҷилии  котибони  Шӯроҳои  амнияти давлатҳои  аъзои  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  баргузор  гардид.  Дар  он  тадбирҳои  мӯътадил  гардонидани  вазъияти  Қирғизистон  муҳокима  карда  шуданд.  Дар  машварат  роҳбарони  шӯроҳои  амнияти  Арманистон,  Белорусия,  Қазоқистон,  Русия,  Тоҷикистон, Ӯзбекистон  ва  намояндаи  ваколатдори  Қирғизистон дар СААД иштирок намуданд. Дар  машварат  таъкид  карда шуд, ки  тадбирҳои  андешидаи  ҳукумати  муваққатии  Қирғизистон  барои  ҷорӣ  кардани тартибот,  пешгирии   куштори  одамон  ва  талаю  тороҷи  бозору  мағозаҳо,  инчунин  оташ  задани  биноҳо  натиҷаи  дилхоҳ  намедиҳад. Иштирокчиёни  машварат  изҳори  боварӣ  карданд, ки  тадбирҳои  дастаҷамъӣ  ва  кӯшишҳои  мақомоти  муҳофизи  қонуну  тартиботи  Қирғизистон  бо  дастгирии  фаъолонаи  давлатҳои  аъзои  СААД  барои  мӯътадил  гардонидани  вазъият  шароит  муҳайё  месозад. Президенти  Русия  Д.Медведев   вазъияти  Қирғизистонро  тоқатнопазир  номид. Вай  зикр  намуд, ки дар  давоми  ду  рӯзи охир  бар  асари   задухӯрдҳо  бештар  аз  120  нафар  ҳалок  шуд. Мо  бояд  барои  ҷорӣ  кардани тартибот  ва  ҳокимияти  қонунӣ тадбирҳои  қатъӣ  андешем. Д.Медведев   хабар  дод, ки   вазъияти  Қирғизистонро   зимни  сӯҳбати  телефонӣ  бо  раиси  ҳукумати  муваққатӣ  Роза  Отунбоева  баррасӣ  намудааст.  Вай  зикр  намуд, ки  дар  мавриди  зарурат  ба  Қирғизистон  барои  ҷорӣ  намудани  тартибот  кӯмаки  таъҷилӣ  расонида  мешавад. Барои  ин  боз  як  машварати  дигари  роҳбарони  шӯроҳои  амният  ё   мулоқоти таъҷилии   сарони  давлатҳои  аъзои  созмонро  даъват  кардан  мумкин  аст,  гуфт  Д.Медведев.

Июнь 15, 2010 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад