МУБОРИЗАИ ДАРВОЗИҲО БО МАЛАХ
Душанбе, 4 июн.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Корхонаи давлатии «Мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки яке аз гармтарин ноҳияҳои ин вилоят мебошад, пайдо шудани малахҳои намуди «канофима» ва «прус»- ҳои оддӣ боиси ташвиши хоҷагидорон гардидааст. Бо мақсади нобуд сохтани ин намуди малах дар назди идораи кишоварзии ноҳия «ситоди муборизаи зидди малах» таъсис дода шудааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, то 2- юми июн майдони 65 гектар тавассути доруи «фастрак» аз малах тоза карда шудааст. Ҳоло барои васеъ нашудани майдони парвози малах ба ноҳияҳои дигари вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.